Нигаронии раиси вилояти Суғд аз шароити номусоиди коргоҳҳои мурғпарварӣ

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Раиси вилоят зимни сафараш аз пурра истифода нагардидани имкониятҳои корхона, таъмирталаб будани қисме аз коргоҳҳои мурғпарварӣ, ҳолати яхдони фабрикаи "Ганҷи Ҳилол" изҳори ниграонӣ кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти суғд.

Гуфта мешавад, ки зимни ин сафар раиси вилоят нахуст ба агрохолдинги "Ганҷи Ҳилол"-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой омада, аз майдони кишти барвақтии зироатҳо боздид намудааст

Агрохолдинги "Ганҷи Ҳилол" дорои 400 гектар замин буда, дар он картошка, помидор, бодиринг, сирпиёз, карам ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбад.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба табрики бонувони собиқадор рафт

Ба гузориши манбаъ, 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои дуру наздик содирот ва 40 дарсади дигар ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин заминҳо ҳамасола то 4 ҳосил руёнида мешавад.

Раиси вилоят бо деҳқонони минтақа ҳамсуҳбат гардида, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровонро аз меҳнати пурмашаққати марди деҳқон вобаста гуфтааст.

Ӯ гуфтааст, ки имрӯз дар вилоят маданияти истифодаи замин боло рафтааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят деҳқонону кишоварзонро пайваста дастгирӣ хоҳад кард.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Ганҷи Ҳилол" ошно шудааст.

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согда в районе Джаббор Расулов
Председатель Согда в районе Джаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон
Председатель Согда в районе Джаббор Расулов

дар ҳоли ҳозир дар ин фабрика 84 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад, ки аз ин шумор 44 ҳазору 392 сар мурғи тухмдеҳ мебошад. Дар фабрикаи мазкур танҳо дар моҳи март 595 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст ва мувофиқи нақша истеҳсоли тухм дар моҳи апрел то ба 1 миллион дона расонида мешавад.

Раиси вилоят аз пурра истифода нагардидани имкониятҳои корхона, таъмирталаб будани қисме аз коргоҳҳои мурғпарварӣ, ҳолати яхдон ва дигар иншооти ёрирасон изҳори нигаронӣ кардаасту барои ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0