17:23 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.46
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Тоҷикистону Русия дар бораи эътирофи мутақобили назорати гумрукӣ барои таҳвили меваю сабзавот ёддошти тафоҳум имзо карданд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия дар бораи эътирофи мутақобили назорати гумрукӣ барои таҳвили меваю сабзаҷот ба тавофуқ расиданд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобили назорати гумрукӣ барои таҳвили меваю сабзавот, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Тоҷикистону Русия имзо шудааст, бояд тасдиқ шавад".

Аммо тавофуқи ба даст омада дар ҳар гузаргоҳ фаолият нахоҳад кард.

Дар ёддошти тафоҳум гузаргоҳҳои фурудгоҳи Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтари Тоҷикистон ва  фурудгоҳҳои Домодедово (Москва), Пулково (Санкт-Петербург) ва Толмачёво (Новосибирск) Русия  ишора шудааст.

Ёддошти тафоҳумро моҳи октябри соли гузашта сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Гоиб ва роҳбаи Хадамоти федералии гумруки Русия Владимир Булавин  имзо кардаанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Маскав ва Душанбе дар бораи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба тавофуқ расиданд. Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар соли ҷорӣ 4,3 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ бошад 6 дар сад афзоиш ёфтааст.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳост, Русия дар феҳрасти шарикони асосии савдои хориҷии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол менамояд.

Барчаспҳо:
имзои ёддошти тафоҳум, содироти мева, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ