02:36 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, акс аз бойгонӣ

Норозигии раисиҷумҳур аз вазъи саноат: кори 107 корхона қатъ шудааст

© Sputnik / Владимир Песня
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15101

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат дастоварди саноати кишварро ғайриқаноатбахш хондааст

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи саноат изҳор доштааст, ки дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати рушди соҳаи саноат дар сатҳи 16,9 фоиз таъмин гардид.

"Вале ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст", — таъкид кардааст раисиҷумҳур Тоҷикистон.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон дар нимсолаи аввали соли равон, дар маҷмӯъ истеҳсоли 22 намуд маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёфта, фаъолияти 107 корхонаи соҳа қатъ гардидааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав муваззаф шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ ва барқарор намудани фаъолияти корхонаҳо чораандешӣ кунанд.

Барчаспҳо:
раисиҷумҳур, истеҳсолоти саноат, нигаронӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ