02:19 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздид аз ВМКБ

Ташвиши Раҳмон дар Роштқалъа: насби техникаи куҳна дар корхонаи нав ва иҷро нашудани нақша

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
260810

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни боздидаш аз ноҳияи Роштқалъа вазъи иқтисодӣ-иҷтимоиро таҳлил намуда, аз иҷро нашудани супоришҳо ва оғоз нагардидани кор дар 42 иншооти нақшавӣ нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинон аз он нигаронӣ кардааст, ки барноми рушди Роштқалъа барои солҳои 2016-2020, ки 142 лоиҳа ба маблағи қариб 250 миллион сомониро дар бар мегирад, дар сатҳи зарурӣ татбиқ нашуда истодааст.

"Аз маблағи умумии барнома 83 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва беш аз 156 миллион сомонӣ барои рушди инфрасохтор равона гардидааст.  Вале бояд гуфт, ки дар дуюним соли татбиқи барнома ҳамагӣ 9 фоизи он амалӣ шуда, 18 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Илова бар ин, бо сабабҳои гуногун дар 42 иншоот корҳои сохтмон тибқи барномаи пешбинишуда то ҳанӯз оғоз нагардидаанд", — таъкид намудааст раисиҷумҳур.

Раисиҷумҳур роҳбарияти вилоят ва вазоратҳои дахлдорро муваззаф намудааст, ки  бо  ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ кардани барномаи зикршуда тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки роҳи мошингарди Хоруғ — Роштқалъа — Чавшангозро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва барои суръат бахшидани кор дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

"Ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба ноҳия ба Вазорати нақлиёт ва роҳбарони ноҳияву вилоят доир ба азнавсозӣ кардани қитъаи хатарноку серсадамаи роҳи мошингард дар километри 71-74-и мавзеи Сежд супориш дода будам. Вале қитъаи мазкур то ҳол азнавсозӣ нашудааст ва мусофирону воситаҳои нақлиёт, хусусан, дар фасли зимистон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд" — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ барои ислоҳи ин вазъ ба масъулини мақомоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ  то охири сол муҳлат дода, таъкид намудааст, ки баъди анҷоми корҳо ба Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур гузориши муфассал пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Роштқалъа имкониятҳои зиёд дорад, ки ҳанӯз истифода нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ дар ноҳияи Роштқалъа барои рушди саноат, алалхусус, коркарди сангҳои гуногун, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди мева, гиёҳҳои шифобахш ва  дигар навъҳои ашёи хом имкониятҳои зиёд мавҷуданд, вале онҳо то ҳанӯз пурра истифода нашудаанд.

Раисиҷумҳур ташвишовар хондааст, ки  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми панҷ соли охир қариб тағйир наёфтааст ва дар соли 2017 ба маблағи ҳамагӣ 6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. 

"Вазъият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ бетағйир монда, дар ин давра ягон корхона ё коргоҳи нави истеҳсолӣ ба кор андохта нашудааст, ки боиси ташвиш мебошад", — афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ инчунин изҳор доштааст, коргоҳи дӯзандагие, ки соли 2010 дар ноҳия аз ҷониби Иттиҳодияи истеҳсолии "Нассоҷии Тоҷик" ифтитоҳ шуда буд, ҳоло бо сабаби  он, ки таҷҳизоти кӯҳнаи истеъмолкунандаи нерӯи зиёди барқ дар он насб шудаасту маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карда наметавонад ва дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дорад.

Раисиҷумҳур  Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти маҳаллиро муваззаф кардааст, ки бо ҷалби соҳибкорон ҳарчи зудтар масъалаи бо технологияҳои муосир таҷҳизонидани корхонаи мазкурро ҳал намоянду барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар пайи боздид аз ноҳияи Роштқалъа Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ сафар кард. Феълан сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ВМКБ идома дорад.

Барчаспҳо:
раисиҷумҳур, корхона, Роштқалъа, саноат, техника, нигаронӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ