08:14 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия

Бозичаҳои Суғд ба хориҷ аз кишвар содирот мешаванд

© Свободная экономическая зона "Сугд"
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ширкатӣи ПМК «Худжанд» лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли бозичаҳои кӯдаконаро ва дигар маснӯоти металливу пластикиро амалӣ дорад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир сохтмон дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ба анҷом расида, корҳои нақшу пардозу ороишӣ ва бунёди зербинои иншооту ободонии қаламрави корхона ҷараён дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти МОИ “Суғд”.

Ба гуфтаи манбаъ, барои корхонаи мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Эрону Чин ворид гардидааст.

Ғайр аз бозичаҳо барои кӯдакон, дар корхонаи мазкур ҳамчунин истеҳсоли асбобу лавозимоти маишӣ ва рӯзгор, аз қабили дастгоҳи бодкаш, қисмҳои гуногуни эҳтиётии пластикӣ барои худравҳо ва технкаҳои маишӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба таври озмоишӣ 48 ҳазор адад маснӯотро ташкил медиҳад. Баъди пурра ба истифода додани  корхона афзоиши истеҳсолот маҳсулот дар назар аст.

Барои сохтмони ин корхона ба маблағи 14 млн. сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Қарор аст маҳсулоти ин корхона ба Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Афғонистон содирот карда  шавад.

Дар натиҷаи роҳандозии лоиҳаи мазкур беш аз 150 нафар сокинони Суғд соҳиби ҷойҳои корӣ мешаванд.

Барчаспҳо:
истеҳсол, корхона, ҳамоиш, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ