23:27 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон сохтмони 9 корхонаро дар минтақаи саноатии Душанбе оғоз бахшид

Аз яхмос то либос: раисиҷумҳур бунёди 9 корхонаи саноатиро дар Душанбе оғоз бахшид

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
507 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар Минтақаи саноатии шаҳр дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои пойтахт ба бунёди 9 корхонаи саноатӣ оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон 9 корхонаи нави саноатӣ дар майдони қариб 9 гектар аз ҷониби ширкату соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд.

Корхонаҳои бунёдшаванда аз коркарди пахта то либос, маҳсулоти ордӣ, яхмос, коркарди сангҳои ранга ва дастгоҳҳои барқиро тавлид хоҳанд кард.

Масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додаанд, ки дар марҳилаи аввал дар корхонаҳое, ки бунёд мешаванд, беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар маҷмуъ барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нӯҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Масъулони ширкатҳои “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба раисиҷумҳур ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Барчаспҳо:
Душанбе, раисиҷумҳур, оғози сохтмон, корхонаҳои саноатӣ

Мавзӯъҳои асосӣ