17:20 25 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Семент, акс аз бойгонӣ

Тавлиди “рекордӣ”-и семент дар Суғд

© Sputnik / Виталий Аньков
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар соли 2018 ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати соли қаблӣ 10,5 фоиз бештар мебошад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Анвар Яъқубӣ, муовини раиси Суғд, зимни ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят гуфт, соли 2018 дар вилоят 93 корхона ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар натиҷа 1431 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Таҷлили 12-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷкистон ва иди касбии кормандони ин ниҳод
сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, соли 2018 дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 миллиону 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна зиёд аст.

Манбаъ афзуд, илова бар таъмини бозорҳои дохилӣ, корхонаҳои истеҳсоли сементи вилоят содироти бонизоми маҳсулоти ватаниро ба давлатҳои Узбакистону Қирғизистон ба роҳ мондаанд.

“Аз ҷумла, давоми соли 2018 дар маҷмӯъ 489 ҳазор тонна семент содирот шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 маротиба зиёд мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомоти иҷроияи Суғд иттилоъ дод, ки дар конҳои ангишти вилоят, зиёда аз 1,7 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 226,7 ҳазор тонна ё 1,2 маротиба зиёд мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ