22:08 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Имзои созишномаи сармогузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи Амирӣ

Ҳукумат ба корхонаи қаннодии “Амирӣ” 23 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

Сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузории ҶТ
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
179810

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фабрикаи қаннодии Амирӣ ба маблағи беш аз 23 миллион доллари амрикоӣ имзо шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, лоиҳа аз се марҳила иборат мебошад.

Дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии коргоҳи мавҷуда ва бунёдшаванда ба на камтар аз 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонида хоҳад шуд.

“Марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро ба иқтидори на камтар аз 8 ҳазор тонна дар як сол дар бар мегирад”, - афзуд Кумита.

Манбаъ таъкид кард, ки дар марҳилаи сеюм бунёди корхонаи нави истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ бо иқтидори на камтар аз ҳазор тонна дар як сол дар назар аст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ