07:22 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар

Пахтаро хом ба хориҷа медиҳем: ба Раҳмон расонданд, ки 4 корхонаи муҳим аз кор монданд

© Пресс-служба Президента РТ
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2094 0 0

Афзоиши содироти нахи пахтаи Тоҷикистон бидуни коркард ба хориҷи кишвар мояи нигаронӣ дар ҷаласаи васеи Ҳукумат шуд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо такя ба ҳисоботи сарвазир Қоҳир Расулзода иттилоъ дод, ки содироти нахи пахта бидуни коркард афзоиш ёфта, дар соли 2018 - 93 ҳазор тонна бо арзиши 165 миллион долларро ташкил дод.

Соли 2018 дар корхонаҳои нассоҷӣ 21 фоизи нахи пахтаи дар дохил истеҳсолгардида коркард карда шудааст.

Зимни ҳисобот таъкид гардид, ки яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад.

Аз ҷумла ба раисиҷумҳур расонда шуд, ки соли 2018 чор корхонаи муҳими кишвар фаъолият накардаанд.

“Дар давраи хисоботӣ 4 корхона, аз ҷумла  “Олим Текстайл”,  “Вализода Мастчоҳ” дар ноҳияи Мастчоҳ,  “Самар” дар ноҳияи Восеъ ва  “Бофандаи Норак”-и шаҳри Норак, умуман фаъолият накардааст”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода дастур додааст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.

Дар маҷмуъ Қоҳир Расулзода иттилоъ додааст, ки соли 2018 дар қаламрави кишвар 131 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ