Маъдани Тоҷикистон ба чанд миллиард ба хориҷа фурӯхта шуд, ки Президентро нигарон кард?

Обуна шудан
Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2018 ба маблағи 5,91 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати соли 2017 ҳудуди 411 миллион сомонӣ зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар ин давра ба 5,79 миллиард  сомонӣ баробар шудааст. Аз он ҷумла ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба 4 миллиард сомонӣ, ё  425 миллион доллар баробар гардидааст, ки нисбати соли 2017 10,8% зиёд мебошад.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Раҳмон аз берунбарии бойигариҳои Тоҷикистон: ӯ аз Ҳукумат хост, инро манъ кунад

Вазорат таъкид кард, ки тиллои Тоҷикистон ба хориҷа фурӯхта нашудааст.

“Бо мақсади ғанӣ гардонидани захираи металҳои қиматбаҳои мамлакат 100% маҳсулоти фулузоти қиматбаҳои №1 дар  дохили  ҷумҳурӣ фурӯхта шудааст”, - таъкид кардааст ин ниҳод.

Манбаъ афзуд, ки шумораи кормандони соҳа 10392 нафар буда, музди миёнаи як нафар корманд 3210 сомонӣ ва пардохти андозҳои давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллиарду 590 миллион сомониро ташкил намуд.

Ба хориҷа фурӯхта шудани маъодину металҳои Тоҷикистон ба маблағи 4 миллиард сомонӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран  аз содироти канданиҳои фоиданоки кишвар бидуни коркард нигаронӣ кард.

Таджикский алюминиевый завод - Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат: ТАЛКО мушкилот дорад ва онро бояд ҳал кард

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд барои манъ кардани содироти консентрати маъдан аз кишвар чораҷӯӣ намояд.

Бо мақсади ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба соҳаи коркарди маъдан дар ҷаласаи Ҳукумат таъкид гардидааст, ки аз 1 марти соли 2019 тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар гардида, бонуси истихроҷӣ, ҷорӣ ва пардохти маблағ вобаста ба ҳаҷми истихроҷ ҳамасола таъмин карда шавад.

Пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ироа гардиданд, ки Ҳукумати кишвар саноатикунониро ҳадафи чоруми стратегии худ қарор додааст.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳо, кумитаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки барои саноатикунонии мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0