23:34 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Ангишт, акс аз бойгонӣ

Тавлиди “рекордӣ”-и ангишт дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Соли 2018 дар Тоҷикистон 1 миллиону 907 ҳазор тонна ангишт дар 12 корхона аз захираҳои 9 кон истихроҷ шудааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ин нишондод баландтарин дар таърихи кишвар буда, саҳми КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” – 46,3 %, ҶДММ “Талко Ресурс”-23 % ва ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик-18%-ро ташкил дод.

Манбаъ афзуд, хариди ангишт  дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1 миллиону 785 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ба иттилои Вазорат, ба ҳолати 1 январи соли 2019 захираи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳаи саноати ангишт зиёда аз 377 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод афзуд, ки бо гузаштани  КВД “Талко”, дегхонаҳои Шарқӣ ва Ғарбӣ ба истифодаи гази табиӣ, талаботи онҳо ба ангишт 92 ҳазор тонна кам гардид.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар анборҳои корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 520,8 ҳазор тонна, аз ҷумла дар корхонаҳои  истихроҷкунандаи ангишт 377,8 ҳазор тонна, сементбарорӣ 100 ҳазор тонна, соҳаи мошинсозӣ,  мудофиа ва химия  43 ҳазор тонна ангишт боқӣ мондааст, ки он ба харидории ангишт дар соли 2019 таъсири худро мерасонад.

Мавзӯъҳои асосӣ