15:23 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ифтитоҳи Коргоҳи истеҳсоли арматура дар шаҳри Гулистон

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи Абдушукур Раҷабовро ифтитоҳ кард

Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
784 0 0

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки акнун дар ин корхона 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар корхона арматураи тамға (марка)-и 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” дар давоми се моҳ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. 

Иттилоъ дода шуд, ки тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Маҳсулоти кимиёвӣ барои чандирӣ ва тобоварии арматураро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мекунанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” низ чун дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон истифодабарандаи муҳими неруи барқ ба ҳисоб меравад.

Барои таъмини хати истеҳсолӣ бо барқ дар ҳудуди ҷамъият 7 адад трансформатор насб карда шудааст. Як шарти бомуваффақият фаъолият кардани корхонаи саноатӣ дар шароити кунунӣ тавассути воридоти технологияи каммасраф коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот ба ҳисоб меравад.

"Шоҳона" дар боғи суперинтенсивӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ангур шинонд

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъият ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди корхона ва беҳтару хубтар кардани шароити иҷтимоии кормандон низ маслиҳатҳои муфид додааст.

Ба иттилои масъулини бахши саноатии шаҳри Гулистон, соли сипаришуда корхонаҳои соҳавии ин шаҳр ба маблағи умумии се миллиарду 422 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Мавзуъ

Раисиҷумҳур дар пояи 50-метрӣ парчами давлатӣ барафрохт

Мавзӯъҳои асосӣ