03:45 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Маводи нафтӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳар тонна маводи нафтии воридотӣ ба Тоҷикистон 645 доллар нарх дорад

© Sputnik / Михаил Мокрушин
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Тоҷикистон дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши беш аз 133 миллион доллар беш аз 206 ҳазор тонна маводи нафтӣ ворид кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳар тоннаи маводи нафтӣ ба нархи миёнаи 645 доллар ворид шуд, хабар додааст ТоҷикТА.

Манбаъ афзуд, Русия таъминкунандаи аслии Тоҷикистон бо маводи нафтӣ мебошад. Ҳамчунин, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ба ҶТ маводи нафтӣ содир карданд.

Дар ҳамин ҳол саҳми ҳаҷми маводи нафтии тавлиди худи Тоҷикистон барои таъмини талаботи дохилӣ хеле ночиз арзёбӣ мешавад.

Қаблан хабаргузории ТоҷикТА бо такя ба Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар чор моҳ дар кишвар 102,4 тонна бензин ва беш аз 2,7 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ тавлид шуд.

“Дар зимн, Тоҷикистон дар 4 моҳи сол ба арзиши 106,2 миллион доллар беш аз 166 ҳазор тонна маводди нафтӣ ворид кард. Ҳар як тонна нафт ба нархи миёнаи 637 доллар ворид шуд”, - омадааст дар иттилоя.

Барчаспҳо:
нарх, сӯзишворӣ, саноат, нафт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ