12:24 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Масолеҳи сохтмонӣ, акс аз бойгонӣ

Афзоиши тавлидоти масолеҳи сохтмонӣ

CC0 / Pixabay
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба арзиши беш аз 1,2 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кардааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Арзиши масолеҳи сохтмонии тавлидшуда дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли равон ба 132,2 миллиард доллар, муодили 1,2 миллиард сомонӣ шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳаҷми тавлиди масолеҳи сохтмонӣ дар муқоиса бо нимсолаи аввали 2018 ба андозаи 168,8 миллион сомонӣ, ё худ 17,9 миллон доллар  афзойиш ёфт.

Дар давоми нимсолаи якуми 2019  ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон 1,9 миллион тонна семент тавлид  карданд.

Тоҷикистон дар 6 моҳ ба кишварҳои хориҷӣ 745 ҳазор тонна семент, аз ҷумла, ба Узбакистон 433 ҳазор тонна, ба Афғонистон 280 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 33,7 миллион тонна семент содир кард.

Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ дар ин муддат 33,9 миллион доллар ва воридот 20,8 миллион доллар буд.

Мавзӯъҳои асосӣ