Вазорати саноат: дар Тоҷикистон истеҳсоли нуқраву тилло афзоиш ёфт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСлитки. Архивное фото
Слитки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми шаш моҳи соли равонт дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 3 млрд. 53 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,6% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додаанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли тилло дар ин давра 51,4%, нуқра - 32,5%, хокаи руҳ - 7,9% ва хокаи сурма - 30,5% афзудааст.

Золото - Sputnik Тоҷикистон
"Фароз" барои омӯзиши кони тилло ва кони сурма иҷозатнома гирифтааст

Инчунин, тавре манбаъ иттилоъ додааст, тиллои ба фурӯш бароварда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва корхонаҳои заргарии кишвар харидорӣ шудааст, ки ин 100 дарсадро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст

Масъулини вазорат қайд намуданд, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кӯҳкориро КМ “Зарафшон”, КМ “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо”, ҶДММ “Пакрут” ва ҶДММ “Мурод” таъмин намуданд.

China Nonferrous Gold ба истихроҷи тилло дар кони Покрӯд оғоз мекунад

Ҳамзмаон манбаъ зикр намудааст, ки барои рушди соҳа ба маблағи 266,6 млн. сомонӣ   сармояи хориҷӣ ҷалб шуд.

Тибқи маълумоти Вазорат, ҳамзамон барои рушди соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони “Кумарғи боло”- и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ҶСК “Равшан”- истеҳсоли  маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳиротӣ дар шаҳри Душанбе ва ҶСП “ТАЛКО Голд” истеҳсоли тилло ва хокаи сурма дар давраи ҳисоботӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0