07:16 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
На фабрике по производству тканей, архивное фото

Вазир гуфт ба назари шумо намеояд, вале Тоҷикистон барои Урупо ва Русия пӯшок медӯзад

© Sputnik / Стас Этвеш
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
34802

Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нав, Заробиддин Файзуллозода дар нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон барои мардуми Урупо ва варзишкорони Русия пӯшок истеҳсол мекунад

Ба гуфти вазир ширкати "Гулистон" бо бренди ҷаҳонӣ шартнома дорад ва дар доираи ин созишнома барои мардуми Урупо, Русия ва дигар кишварҳо пӯшок истеҳсол мекунад.

"Мо барои варзишкорони рус кемано омода кардем ва варзишкороне ҳам, ки дар сабқати Қазон ширкат карданд, ҳама пӯшокҳои истеҳсоли Тоҷикистонро пӯшида буданд", - гуфт вазир.

Ба гуфти вазири саноат, Тоҷикистон имрӯз маҳсулоти истеҳсолии худро ба чандин кишвари ҷаҳон аз қабили Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Озарбойҷон, Ҷопон, Амрико ва кишварҳои Урупо содир мекунад.

"Баъзе чизҳое ҳаст, ки дар назари мову шумо аён нест, вале ширкатҳои хурди Тоҷикистон маҳсулоташонро то Ҷопону Амрикову Урупо мебаранд", - қайд кард вазир.

Заробиддин Файзуллозода мисол овард, ки ширкати "Баракат" - и Исфара маҳсулоташро ба Ҷопон ва Амрико мефиристад.

Вазир аз истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар самти содироти ин навъи истеҳсолот ба Русия, чанд мушкиле пеш омада, ки ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд ва Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти ширӣ низ содир хоҳад кард.

Тоҷикистон дар чор моҳ беш аз 1,2 миллион тонна семент истеҳсол кард

То имрӯз ба гуфти вазир аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳои ҷаҳон пахта, маъданҳо, семент, намак, ресмони пахтагӣ, чарб, маҳсулоти тамоку, меваю сабзавот, шарбату афшура, шираи растаниҳо, орд, пӯшоку ҷуроб содирот мекунад.

Барчаспҳо:
пӯшок, орд, истеҳсолот, Русия, Аврупо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ