Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад дар Тоҷикистон худравҳои мудерн истеҳсол шавад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, дастур додааст, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли мошинҳои сабукрави олмониву ҷопонӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вай гуфт, чанд рӯз қабл Президенти Тоҷикистон дар як ҷаласа ба вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур дод, ки бо ширкатҳои Олмону Ҷопон гуфтушунид карда, тавлиди мошинҳои сабукравро дар Тоҷикистон ба роҳ монад.

“Дар ҳақиқат ин яке аз ҳадафҳои асосии роҳбари давлат ҳам ҳаст. Кишварҳои ҳамсояи мо, назири Узбакистону Қазоқистон, бо ширкатҳои хориҷии истеҳсолкунандаи нақлиёти сабукрав кор карда истодаанд, мо низ ин хоҳишро дорем. Лекин дар ин самт хеле кор кардан зарур аст ва сармояи хориҷӣ бояд ҷалб шавад. Мо дар ин самт кор карда истодаем” – гуфт Файзуллозода.

Кахор Махкамов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обе, ки Қаҳҳор Маҳкамов орзу дошт ба Душанбе расонад, ба Боку рафт

Вазир гуфт ба назари шумо намеояд, вале Тоҷикистон барои Урупо ва Русия пӯшок медӯзад

Вазири саноат ва технологияҳои нав афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон истеҳсоли трактор, автобус ва нақлиёти боркаш ба роҳ монда шудааст, ки ба Узбакистону Афғонистон содир шудаанд ва аз ҳамин кишварҳо дар ҳоли ҳозир корхонаҳои Тоҷикистон супоришҳои нав гирифтаанд.

“Дирӯз раҳбари давлат таъъкид карданд, ки бо ширкатҳои Ҷопон ва Олмон истеҳсоли нақлиёти сабукравро ба баррасӣ гирем. Бале, мо яку якбора истеҳсоли онро ба роҳ монда наметавонем, аммо дар ҳамин ҷо васлу насб кардани қисмҳои эҳтиётии онҳоро мешавад ба роҳ монд, то як корхона ба вуҷуд ояд ва мардум ҳам ҷои кор пайдо кунанд. Ҷалбу ворид кардани чунин ширкатҳои калон як кори мушкил аст. Аммо ҳадди ақал як корхонаи васлу насб ва истеҳсоли нақлиёти сабукрав бояд бошад, зеро дар бозори мо талабот зиёд аст", - афзуд вазир.

Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаш моҳ дар ВМКБ 15 кас кор ёфту дар Суғд 586

Файзуллозода чархҳои резиниро мисол оварда гуфт, ки ин ҳам дар мо як мушкили бузург аст.

"Истеҳсоли онро дар дохили кишвар бояд ба роҳ монд. Мо аз ширкатҳои Корея, Чин, Русия, Белорус даъват кардаем, ки дар ин амр бо мо ҳамкорӣ кунанд” – афзуд Заробиддин Файзуллозода.

Вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, ки ширкатҳои мошинсозии Ҷопону Олмон лидерони бозор ҳастанд ва қисмати умдаи бозори ҷаҳониро аз худ кардаанд.

Вай афзуд: “Ҷаноби Олӣ ҳам дастур доданд, ки беҳтарин ва қавитарини онҳоро ҷалб кунем, то сифати молашон ҷавобгӯ ба меъёрҳои бозори ҷаҳонӣ бошад ва дар оянда мо тавонем онро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунем”.

Лентаи хабарҳо
0