19:31 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Птицеводческое предприятие. Архивное фото

Дар Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ фаъол мешавад

© Sputnik / Александр Кондратюк
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Интизор меравад дар ояндаи наздик дар шаҳри Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ бо иқтидори истеҳсоли 30 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз ба фаъолият шурӯъ кунад

ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Бар хабари Ҷумазода дар шаш моҳ шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор ба 63 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 10 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Фарҳод Комилзода: воридоти гӯшти мурғ ба кишвар кам шуд, эҳтимол дорад нарх боло равад

Корхонаҳои саноатии шаҳр соли равон бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 99,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, зикр намуд, Шарифҷон Ҷумазода.

Ба иттилои Шарифҷон Ҷумазода, ҳоло корҳои сохтмонии   корхонаи истеҳсоли коғаз ва маҳслоти коғазӣ- ҶДММ "Коғази Шарора" бо таъсиси 100 ҷойи корӣ, коргоҳи коркарди шир дар назди ҶСК "Авитсена" бо таъсиси 65 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бомпӯш дар назди ҶДММ "Истеҳсоли труба ва профили тоҷик" бо иқтидори истеҳсоли 1500 дона дар як рӯз бо таъсиси 25 ҷойи корӣ босуръат ҷараён дорад.

Нигаронии раиси вилояти Суғд аз шароити номусоиди коргоҳҳои мурғпарварӣ

Гузашта аз ин дар қаламрави ин шаҳр сохтмони чандин корхонаҳои хурди дигар низ ҷараён доранд.

Ба изҳори раиси шаҳр, дар корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор  1615 нафар фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 297 нафар зиёд мебошад.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, мурғпарварӣ, корхона, Ҳисор

Мавзӯъҳои асосӣ