Идомаи афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли 2 миллиону 328,8 ҳазор тонна семент дар 7 моҳи соли равон гузориш дод

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон истеҳсоли семент дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли соли гузашта 209 ҳазор тонна афзоиш ёфт, навиштааст ТоҷикТА.

Череповецкий металлургический комбинат - Sputnik Тоҷикистон
Вазир: 146 коргоҳи нав ифтитоҳ шуду 181 корхона аз фаъолият монд

Манбаъ афзуд, дар ҳоли ҳозир 13 ширкат дар Тоҷикистон ба тавлиди семент машғуланд, ки тавоноии солонаи онҳо ба 4,7 миллион тонна баробар мебошад. Бар асоси иттилои Вазорат, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион тонна семент тавлид карда буд.

Қаблан Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 923,3 миллион сомонӣ расидааст.

“Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,6 дарсад ба саноати коркард, 23,8 — электроэнергетика ва 19,6 дарсад ба саноати истихроҷ рост меояд”, - изҳор дошт Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

Вазир инчунин аз тавлиди  маҳсулоти нави саноатӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ, аз қабили лак, хокаи санг, қолаби зарф­ҳои пластикӣ, фарш­ҳои резинӣ, сангчаҳои резинӣ, панҷараи зина аз мармар ва санг­ҳои ороишӣ барои фасади бино хабар дод.

Ба иттилои Файзуллозода инчунин дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 146 корхона ва коргоҳи нав бо 1864 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд ва шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 2136 ададро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0