20:32 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Вид на город Душанбе с моста ЖД вокзала, архивное фото

Дар Душанбе пуриқтидортарин корхонаи истеҳсоли шифер ба кор медарояд

© Sputnik / Амир Исаев
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
521 0 0

Корҳои озмоишӣ дар корхонаи истеҳсоли шифер моҳи сентябр оғоз мегарданд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Моҳи октябри соли 2019 марҳилаи якуми пуриқтидортарин корхонаи истеҳсоли шифер дар шаҳри Душанбе бо иқтидори 400,0 ҳазор дона шифер мавриди истифода қарор мегирад.

Дар ин бора сармутахассиси раёсати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Қобил Ташрифов ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба маълумоти номбурда, ҶДММ "Сомоншифер" бо сармоягузории ширкати "Кусто Групп"-и Қазоқистон ба навсозии таҷҳизоти технологии ин корхона бо маблағгузории 300 ҳазор доллар оғоз намудааст.

Тавре Қобил Ташрифов мегӯяд: "Дар марҳилаи аввал 100 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин хоҳанд гашт. Намояндагони ширкати "Кусто Групп" ният доранд, ки технологияи нави истеҳсолиро аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ворид намоянд. Каммасрафӣ ва муосир будани технология аз талаботи асосӣ ба ҳисоб меравад".

Мавриди зикр аст, ки ин корхона дар гузашта яке аз корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли шифер ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои рақобатпазир набудани маҳсулоташ аз соли 2010 инҷониб фаъолият намекард.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият мекунад, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд (2-то) ва ноҳияи Ёвон ҷойгиранд.

Барчаспҳо:
нав, бозсозӣ, корхона, истеҳсол, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ