23:47 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Производство цемента. Архивное фото

Аз корхонаи семент то масъалаи кони нуқраи “Якҷилва”: баррасии ду созишнома дар Парлумон

© Sputnik / Валерий Титиевский
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
226 0 0

Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ду созишнома бо ҶСП “Тоҷиксемент” ва “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”-и Чин баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, имрӯз дар ҷаласаи Шӯро созишномаи  сармоягузорӣ  байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСП “Тоҷиксемент” доир ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта баррасӣ шуд.

Тавре манбаъ қайд намуд, инчунин дар ҷаласаи шӯро созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”-и Чин доир ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавлиди “рекордӣ”-и семент дар Суғд

“Садридин Шарипов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия зимни муаррифии созишнома изҳор дошт, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСП “Тоҷиксемент” оид ба сохтмон, ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта тибқи талаботи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” таҳия гардидааст”, - таъкид дошт манбаъ.

Тавре манбаъ қайд намудааст татбиқшавии лоиҳаи Созишнома бо дар назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ карда шуда, ба рушди истеҳсоли маҳсулоти воридот ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дафтари матбуоти парлумон зикр намудааст, ки ҳадаф аз таъсис ва бунёд намудани корхонаҳои зикршуда афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли семент дар кишвар, зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат бо чунин навъи маҳсулот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбанд.

Дар ҳоли ҳозир, аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокима шуда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Барчаспҳо:
парлумон, созишнома, Чин, тавлид, истеҳсол, семент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ