05:01 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9710

Сафири Эрон дар Душанбе ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкории дуҷониба таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар мулоқоти Муҳаммадтақии Собирӣ бо Заробиддин Файзуллозода вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон заминаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи саноат,  аз ҷумла маъдан ва технологияҳои нав мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт, иттилоъ додааст Cафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Эрон аз марзи 36 миллион доллар гузашт

Тавре манбаъ қайд намудааст, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни ишора ба пешрафтҳои чашмгири Эрон дар соҳаи саноат хостори рушди ҳамкории ду кишвар дар ин замина ва баҳрамандӣ аз таҷрибаҳои Эрон шуд.

Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон низ дар ин дидор зимни баршумурдани бархе аз тавонмандиҳои Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат омодагии кишварамонро барои интиқоли дониш, таҷриба ва анҷоми фаъолиятҳои муштарак баён кард.

Зуҳуров бо сафири Эрон густариши бештари ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Сафири Эрон ҳамчунин бо ишора ба азму иродаи мақомоти олии ду кишвар барои рушди муносибатҳои дуҷониба, вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро умедбахш унвон кард ва бар баҳрагирии ҳарчи бештар аз зарфиятҳои мавҷуда таъкид кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Сафири Эрон ба ҳамроҳии шуморе аз сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аз шаҳристони Данғара, Балҷувон ва Ховалинги ин кишвар боздид кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар ҷараёни ин бозид аз меҳмоннавозии тоҷикон суҳбат карду эрониҳоро ба Тоҷикистон даъват кард.

Равобити Теҳрону Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо ба расмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯйи Эрон оғоз шудааст.

Барчаспҳо:
табодули таҷриба, сафир, мулоқот, саноат, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ