Дар Тоҷикистон 2 миллиону 700 ҳазор тон семент тавлид шудаст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 2 миллиону 700 ҳазор тон семент тавлид шудааст, ки беш аз 1 миллион тон аз ин маҳсули сохтмонӣ ба хориҷ содир шудааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, ин миқдор семент, ки дар 13 корхонаи  кишвар тавлид шудааст, заминаи содироти як сеюм аз ин маҳсули муҳими сохтмониро ба кишварҳои ҳамсоя фароҳам сохтааст.

Производство цемента. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Аз корхонаи семент то масъалаи кони нуқраи “Якҷилва”: баррасии ду созишнома дар Парлумон

Дар ин муддат ба Узбакистон  635 ҳазор тон, Афғонистон 379 ҳазор тон ва Қирғизистон беш аз 49 ҳазор тон семент содир шудааст.

Идомаи афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон

Дар соли 2018 барои бори нахуст корхонаҳои тавлиди сементи Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 800 ҳазор тон аз ин маҳсули муҳими сохтмониро тавлид карданд, ки як сеюми он ба хориҷ, аз ҷумла Узбакистон , Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.

Дар Тоҷикистон 15 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 20 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст. Зарфияти тавлиди солонаи семент дар ин корхонаҳо наздик ба 5 миллион тон мебошад, ки заминаи таъмини ниёзи дохилӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам месозад. Гуфта мешавад, ки ниёзи солонаи дохилӣ ба семент дар Тоҷикистон байни 3 то 3, 5 миллион тон аст.

Тоҷикистон дар чор моҳ беш аз 1,2 миллион тонна семент истеҳсол кард

Бар асоси созшномаи ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин, баҳрабардорӣ аз ду корхонаи ҷадиди тавлиди семент дар Тоҷикистон тайи ду соли оянда барномарезӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0