Троллейбусҳои Душанбе нав мешаванд: БАТР ҳашт миллион доллар ҷудо мекунад

© Пресс-служба президента ТатарстанаРустам Минниханов в Душанбе изучил планы по сборке автобусов и опыт по производству кабеля
Рустам Минниханов в Душанбе изучил планы по сборке автобусов и опыт по производству кабеля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Урупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои навсозии инфрасохтори  троллейбусҳои  шаҳри Душанбе, 8 миллион доллар ҷудо мекунад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Барои навсозии инфрасохтори  троллейбусҳои  шаҳри Душанбе  Бонки Урупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 8 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе" Абдулхайр Алиев хабар дод.

Маблағи  ҷудонамудаи БАТР барои таъмири зеристгоҳҳои мавҷуда, насби ноқилҳои фидерӣ, инчунин хатҳои троллейбус ва пойгоҳҳои он  равона  гардида,  аз он 5,2  миллион  бо  кафолати давлатӣ ба сифати  қарз ва 2,8 миллион доллараш  дар шакли гранти сармоягузорӣ ҷудо карда мешавад.

Мавриди  зикр аст, ки айни замон дар  7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба сокинону меҳмонони шаҳр  хизмат мерасонанд, ки дар як сол он  беш аз 11 миллион  мусофирро  интиқол   медиҳад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои тавлиди “Мерседес”-ҳои “Made in Tajikistan”

Барқарорсозии инфрасохтори троллейбусҳо ба  рушди ин соҳа ва беҳтар гардидани фаъолияти  ин нақлиёти мусофиркаш  мусоидат карда, имкон  фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз  хизматрасонии ин нақлиёти каммасрафи ҷамъиятӣ бештар истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон бо ширкати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд. Ин  троллейбусҳои муосири минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Зимни рӯнамоии воситаҳои нақлиёти барқии замонавӣ  иттилоъ дода шуд, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёд доранд.

Пештар, шаҳрдории Душанбе бо нашри ду эълон аз ифтитоҳи хатсайри нави ҳаракати мусофирбарҳо дар пойтахт ва иқдом барои бартараф сохтани баҳси бақияпулӣ хабар дод, ки аз ҳафтаи оянда мавриди амал қарор мегиранд.

Шаҳрдорӣ дар хитоб ба сокинон ва меҳмонони пойтахт  эълон кардааст, ки аз 7-уми октябри соли 2019 хатсайри нави автобусии №37 А роҳандозӣ мегардад. Манбаъ афзуд, ки автобусҳои рақами 37  А аз маҳаллаи Қаротегин тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев ва А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд.

Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Аз роҳандозии троллейбус то гардиши мева: Тоҷикистону Русия наздиктар мешавад

Дар эълон аз шаҳрвандон даъват карда шудааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд.

Инчунин мақомоти Душанбе таъкид кардаанд, ки бо мақсади соддагардонии пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо барои бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, аз 7-уми октябри соли 2019 дар хатсайри автобусии №4 пардохти роҳкиро тариқи кортҳои нақлтиётӣ сурат мегирад. Автобусҳои рақами 4 дар масири терминали “Шарқ-Транс” - ҶДММ “Маром”  ҳаркат мекунанд.

Шаҳрдорӣ аз мусофирон даъват кардааст, ки ҳангоми саворшавӣ ба автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0