Таваҷҷуҳ ба Масъалаи омодасозии мутахассисони ватанӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкТекстильная продукция. Архивное фото
Текстильная продукция. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) мизи гирд дар мавзӯъи омодасозии мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Намояндагони 19 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ (аъзои ИРБаХТ), чаҳор муассисаи таълимӣ, вазоратҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамроҳ ҷамъ омада, масоили рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар кишвар, баррасӣ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом

Тавре манбаъ таъкид намудааст, ҳамкорӣ миёни давлат, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ барои дастаҷамъона эҷод намудани пояҳои дониш ва тавоноӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз ҷониби ҳамаи тарафҳо ва коршиносони соҳа баррасӣ шуд.

Файзалӣ Раҷабов, Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, зикр намудааст, ки донишҳои замонавӣ ба тиҷорат имкон медиҳанд, ки бо маҳсулоти хуби худ марзҳоро убур карда, аз як соҳибкории маҳаллӣ ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбад.

“Мушкили дарёфти мутахассисон дар самтҳои асосӣ барои рақобатпазири муассири саноати мо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷавобгӯ набудани донишу мутахассисони пешниҳодӣ ба талаботи имрӯзаи соҳа ва бозори меҳнат, набуди дастрасии муассисаҳои таълимию омӯзишӣ ба фанновариҳои замонавӣ, мушкили ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба соҳа ва барномаҳои кӯҳнаи таълимӣ аз мушкилоти асосие мебошанд, ки дар ин мизи гирд баррасӣ мешаванд” – таъкид намудааст Раҷабов.

Иштирокдорони мизи гирд инчунин вазъи феълии ҳамкориҳо миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, стандартикунонии низоми маориф ва барномаҳо, фароҳамории имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён ва пешниҳоди корҳои рақобатпазир ва ҷолиб ҳам баррасӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0