13:36 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Дар Тоҷикистон сар аз ибтидои имсол беш аз 3 миллион тонна семент тавлид шудаст, ки нисбат ба як соли пеш ҳудуди 296 ҳазор тонна бештар аст

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар 10 моҳи ахири соли равон 13 корхона дар Тоҷикистон, ки ба тавлиди семент машғул ҳастанд, беш аз 3 миллион тонна маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тавлиди семент дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода танҳо дар 7 моҳи охири соли равон наздики 3 миллиону 500 ҳазор тонна семент тавлид шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 296 ҳазор тонна бештар аст.

Манбаъ меафзояд, аз се як ҳиссаи сементи тавлидии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.

Тавлиди “рекордӣ”-и семент дар Суғд

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта барои нахустин бор корхонаҳои тавлиди сементи Тоҷикистон  беш аз 3 миллиону 800 ҳазор тонна маҳсулот тавлид карданд, ки аз се як ҳиссаи он ба хориҷ, аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кӯмаки фаннии мутахассисон чинӣ сохта шудаанд. Зарфияти тавлиди солонаи семент дар ин корхонаҳо наздик ба 4 миллиону 700 ҳазор тонна аст, ки заминаи таъмини ниёзи дохилӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам месозад.

Дар Тоҷикистон се корхонаи ҷадиди тавлиди семент фаъол мешаванд

Бар асоси созишномаи ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин, баҳрабардорӣ аз ду корхонаи ҷадиди тавлиди семент дар Тоҷикистон дар ду соли оянда барномарезӣ шудааст.

Барчаспҳо:
корхона, тавлид, Тоҷикистон, семент

Мавзӯъҳои асосӣ