09:20 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
168 0 0

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш дод, ки соли 2019 дар Тоҷикистон 4,2 миллион тонна семент тавлид шуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар соли 2019 ба андозаи 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент ба кишварҳои ҳамсоя содир шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо соли 2018 ҳудуди 150 ҳазор тонна афзоишро нишон медиҳад.

Буҷаи давлатӣ аз содироти семент 68,1 миллион доллар дарёфт кард, хабар додаст ТоҷикТА. Дар ин муддат ҳаҷми содироти семент ба Узбакистон 890 ҳазор тонна, ба Афғонистон 576 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 80,6 ҳазор тонна буд.

Тавлидкунандагони аслии семент дар ҶТ ширкатҳои муштараки “Чунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” мебошанд. Ҳудуди 90 дарсади сементи дар ҶТ тавлидшуда саҳми ин се ширкат мебошад.

Дар кулл беш аз 18 корхона дар Тоҷикистон ҳоло симон тавлид мекунад.

Барчаспҳо:
содирот, афзоиш, истеҳсолот, семент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ