20:03 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Тоҷикистон соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27,5 миллиард сомонӣ расонд, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 13,6 фоиз бештар мебошад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолгардида дар мамлакат, беш аз 12,8 миллиард сомонӣ ба вилояти Суғд, 8,5 миллиард сомонӣ ба вилояти Хатлон, зиёда аз 2,7 миллиард сомонӣ ба шаҳри Душанбе, 2 миллиарду 787 миллион сомонӣ ба навоҳии тобеи марказ ва зиёда аз 237 миллион сомонӣ ба Бадахшон рост меояд.

Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мегӯяд, соли гузашта дар корхонаҳои саноатии мамлакат маҳсулоти нави саноатӣ тавлид шудаанд.

“Маҳсулоти нави саноатӣ, аз қабили хӯлаҳои сурбӣ, гӯшти мурғ, бастабандии хокаи ранга барои тайёр кардани нӯшокиҳо, истеҳсоли хокаи хушки мевагӣ барои нӯшокиҳои ташнагишикан, уребчаҳо, сачоқчаҳои хушк, омехтаи хушки саноатӣ, сендвич, панел, витражҳои алюминии шишадор, лифт, шланги поливинихлоридӣ, мошинҳои боркаш, яхдон, қолабҳои зарфҳои пластикӣ, сарпӯшакҳо, фарши рӯпӯши тахтагин, сутунчаҳои нақшини мармарӣ, панҷараи зина аз мармар, шишаи мулоим ва блок-контейнерҳо истеҳсол гардидаанд”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Файзуллозода.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи беш аз 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2018 қариб 980 миллион сомонӣ зиёд аст.

“Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда беш аз 9,5 миллиард сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии мамлакат соли сипаригардида 316,5 тонна маъданҳои тозакардашуда, беш аз 1,5 миллион тонна семент, 18,2 ҳазор тонна ангишт, 2300 тонна намак, 18,5 ҳазор тонна ресмони пахтагӣ, 3,9 ҳазор тонна чарм, 273 тонна консерваи меваю сабзавот,  545 тонна шарбатҳо ва шираи растаниҳо, 94,1 ҳазор тонна нахи пахта, 156,8 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, содирот намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон кардааст.

Барчаспҳо:
содирот, истеҳсолот, вазир, саноат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ