22:42 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
160510

Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Ноҳид", "Сифат саноат", "Фарм Текс", "Нассоҷӣ"-и шаҳри Хуҷанд ва "Нури Ховар" ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул буда, дар як шабонарӯз  аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputniк. Имрӯз истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар якчанд корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.  Дар ин бора муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба гуфти ӯ ниқобҳоро ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Ноҳид", "Сифат саноат", "Фарм Текс", "Нассоҷӣ"-и шаҳри Хуҷанд ва "Нури Ховар" истеҳсол мекунанд. Ҳамин тавр дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз  аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мешавад.

Дар мавриди истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ Мирҳамуддин Камолзода гуфтааст, ки  ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд.

"Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва  нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд".

Созмони ҷаҳонии беҳдошт зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале метавонанд хатари сироятро кам намоянд.

Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда аз вируси КОВИД-19 риоя карда шаванд.

Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба  пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқол наёфтани сирояти мазкур ба кишвар пурзӯр карда мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 1 феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд. Феълан 323  нафар дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  зери назорати карантинӣ мебошанд.

Мавзуъ

Гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд: аз шавҳар ба ҳамсар ва набера гузашт
Эрон: наздик панҷ ҳазор нафар аз коронавирус наҷот ёфт
Тарс аз коронавирус: харидории баста баста ҳазориспанд дар Самарқанд - навор
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, коронавирус киҳоро бештар мекушад
Барчаспҳо:
вирус, пешгирӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ