15:38 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
358 0 0

Ин аввалин корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон мебошад, ки бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Восидзода" мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфта, дорои ду хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон, маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.

Ба Президент Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки дар ин корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз беш аз 1500 дона шифер ва қариб 500 адад қубурҳои асбестии қутрашон гуногун истеҳсол карда мешавад.

Ба гуфти муассиси корхона, дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер ва қубурҳои асбестӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Раҳмон ба масъулони корхона дастур додааст, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ масолеҳи сифаташ баланд истифода баранд.

Барои истеҳсоли шифер ва қубур ашёи хом — асбест аз Русия ва Қазоқистон ворид гардида, сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад.

Манбаъ афзуда, ки ин аввалин корхонаи истеҳмоли шифер ва қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон мебошад.

Барчаспҳо:
корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ