Расулзода дар Бохтар корхонаҳо кушод: дар як шабонарӯз 10 дучарха месозад

© котиботи дастгоҳи раиси ХатлонҚоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи корхонаи велосипедбарорӣ
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи корхонаи велосипедбарорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар як силсила иншооти таъиноташон гуногунро ба истифода додааст

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бо ҳузури сарвазири Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи Турсунзодаи шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ситуация в Москве в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
На сулфаю на таби баланд: олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Давронова Марҳамат бунёд гардида, дар як шабонарӯз то 18 тонна маҳсулоти хӯроквориро истеҳсол карда метавонад.

"Айни ҳол дар корхона 100 нафар ба ҷойи корӣ доимӣ фаро гирифта шуда, дар оянда ин шумора ба 150 нафар расонида мешавад. Пудратчии бунёди корхонаи мазкур ҶДММ "МФМ Нигора" ба ҳисоб рафта, арзиши сохтмон 7 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.

Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Қурбон Ҳакимзода инчунин дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ иштирок кардаанд.

Ба иттилои котиботи раиси Хатлон, корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкор Соҳибназаров Расул сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 адад дучарха ва 200 ҷуфт ҷӯробро ташкил медиҳад. Дар ин корхона 56 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардидаанд.

Манбаъ таъкид кард, ки сохтмони корхона бо усули хоҷагӣ ба вуқӯъ пайваста, бо сарфи 2 миллиону 450 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст.

Лентаи хабарҳо
0