03:45 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
62820

Дар дастгоҳи марказии Вазорати саноати Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус "COVID-19",ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ташкил шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Вазорати саноати Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус истеҳсоли ниқобҳо ва хилъатҳои вижаи итббиро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноати Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои дӯзандагии кишвар, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» ва дигарон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

“Фарм Текс”: аҳолии Тоҷикистон дилпур бошанд, мо онҳоро бо ниқоб таъмин мекунем

"Иқтидори истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар корхонаҳои мазкур дар як рӯз зиёда аз 150 ҳазор донаро ташкил дода, тибқи таҳлилҳо ҳамарӯза дар ҳудуди 45 – 50 ҳазор дона ин намуди маҳсулот истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 30 ҳазор ниқоб истеҳсол мешавад

Ғайр аз ин, дар баробари истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти дӯзандагӣ дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Барчаспҳо:
ниқоби сиёҳ, истеҳсол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ