10:04 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
900 0 0

Таҷдиду навсозии “Комбинати орди Душанбе” дар пойтахти Тоҷикистон 90 дарсад ба анҷом расидааст. Қаорор аст, корхона баъд аз таҷдиду навсозӣ то 400 тонна гандумро коркард кунад

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Бино бар иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикситон алҳол дар “Комбинати орди Душанбе” корҳои таҷдиду навсозӣ  ва васли таҷҳизоту дастгоҳ 90 дарсад иҷро гардидаанд. 

Манбаъ таъкид доштааст, ки баъди пурра ба кор оғоз намудани корхона иқтидори истеҳсолии он 400 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз, иншооти нигаҳдории гандум -12 ҳазор тонна ва гандуми тоза -3,5 ҳазор тоннаро ташкил  медиҳад.

 Айни замон қисмати анбори бинои корхона  пурра аз таъмир бароварда шуда, рӯйпӯшкунӣ ва рангубори бинои осиёб ва элеватор дар арафаи анҷом қарор дорад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо дарназардошти мутобиқнамоӣ ба стандарти байналмилалӣ ва бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат корхона  ҳамкории судмандро бо ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти технологӣ ба роҳ мондааст.

“Корхона  таҷҳизоти технологии истеҳсоли ширкати чинии “COFCO Engineering & Technology Co., Ltd.”-ро, ки ба гурӯҳи ширкатҳои “COFCO Group” дохил мешавад, васлу насб намудааст”, - таъкид додааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз даъвати  мутахассисон аз Чин қисми идоракунии автоматикунонии хатти технологӣ барномасозӣ шуда, корхона пурра ба истеҳсоли орди гандумӣ омода карда мешавад.

Барчаспҳо:
гандум, навсозӣ, таҷдид, орд, комбинат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ