18:47 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
622 0 0

Дар як муроҷиатнома вазири саноат аз саноатгарони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳои сахт бетараф набошанд ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда, ёрии молиявии расонанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Вазири саноати Тоҷикистон дар як муроҷиатномаи худ ба саноатгарони кишвар, ки ахиран дафтари матбуоти ин сохтор нашр кардааст, таъкид доштааст, бо мақсади муборизаи дастаҷаъмона барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ё СОVID-19 дар ҳудуди ҷумҳуриӣ, кӯмак ба қишрҳои ниёзманд, қадршиносии кормандони соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои заҳматҳои шабонарӯзӣ  ба хотири солимии мардум ва дигар сохторҳое, ки ба ин мақсад равонагардиданд, бояд якдилию якпорчагии худро дар назди ватану миллат нишон диҳем.

Ба ҳамин хотир вазир хоҳиш кардааст, ки саноатгарони кишвар бетараф набошанд ва ба пизишкон кумаки молӣ расонанад.

“Дар вазъияти ба миёномада, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда, ёрии молиявии худро расонем”, -таъкид доштааст вазир.

Вазир қайд кардааст, ки бо ин мақсад, дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Тоҷикистон суратҳисобҳо бо асъори миллӣ ва дар Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ-доллар ва рубли русӣ кушода шудааст, ки саноатгарон метавонед кӯмакпулиҳои худро гузаронанд.

“Мо боварии комил дорем, ки дар ин рӯзҳои сахту сангин барои мардуми тоҷик Шумо кумакҳои худро дареғ надошта, ёрии амалии худро мегузоред!”, - зикр кардааст вазир.

Беш аз ним миллиони Кабиров барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳамзамон вазири саноати Тоҷикистон зикр кардааст, ки саҳми саноатгарони кишвар дар рушду нумуи ҷумҳурӣ, ғани гардонидани буҷети мамлакат, ташкили ҷойҳои корӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоию инфрасохторҳои истеҳсолӣ, таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиратӣ ва аз ҳама муҳим, дар саноатикунони бо суръат, ки ҳадафӣ чоруми стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, хело баланд арзёби мегардад, ки роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон саҳми  саноатгаронро дар ин раванд ба инобат гирифта, пайваста имтиёзу сабукиҳоро нисбати соҳа муносиб мебинанд.

“Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро пандемияи коронавирус СОVID-19 ба ташвиш овардааст ва таҷриба нишон медиҳад, ки роҳҳои пешгирии он танҳо дар ҳамбастагӣ ва кӯмаки якдигар мебошад”,  - афзудааст вазири саноати Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
вазир, муроҷиат, хоҳиш, кӯмаки молиявӣ, кумак, саноат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ