15:13 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
45610

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сокинони кишварамонро  мебояд, фирефтаи овозаҳои беасосу бардуруғ нагардида, ба таҳлука наафтанд ва ба маълумоти расмӣ такя намоянд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, сарвазир Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Гулистони Душанбе", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ёқут-2000" ва корхонаи истеҳсолии "Тоҷтекс" ошно шуда, масъулинро вазифадор намуд, ки фаъолиятро дар се баст ба роҳ монанд. 

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» 160 нафар, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» наздики 200 нафар ва дар корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс»  50 нафар аз шумораи  умумии кормандон ба дўхти ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон машғуланд.

Тибқи иттилои манбаъ, ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон, ки дар гузашта аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд, имрўзҳо истеҳсолаш пурра дар корхонаҳои саноатии мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Расулзода ознакомился с ходом работы заводов в Душанбе
Министерство здравоохранения
Расулзода ознакомился с ходом работы заводов в Душанбе

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» ва корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс» ниқоб, камбезонҳои пахтагин, хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ барои табибон, ки дар муассисаҳои сироятӣ ҳангоми иртибот бо беморон пешбинӣ шудааст, истеҳсолаш ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи молистеҳсолкунандагон дар Тоҷикистон коҳиши воридот ва афзоиши маҳсулоти ватанӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба ҳисоб меравад.

Ба таъкиди мутахассисон либосҳои махсус ва ниқобҳое, ки имрўз дар корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз маҳсулоти воридотӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Фарқият ҳамин аст, ки муҳлати истифодаи  маҳсулоти тибии дар корхонаҳои Тоҷикистон  истеҳсолшуда бештар буда, ин маҳсулот аз матоъи махсус  ва докаи пахтагӣ тайёр карда мешавад. Ин омил метавонад  қобилияти муҳофизатиро бештар намояд.

Аснои ошноӣ ба Қоҳир Расулзода иттилоъ додаанд, ки имконияти афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳо зиёд аст. Ҳамчунин дар ин рўз ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ дар  самти харидуфурўши маҳсулоти тиббӣ миёни мақомоти шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва Агентии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои нишонрас татбиқ карда шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, феълан қариб  20 корхонаи саноатии кишвар дар як шабонарўз беш аз 160 ҳазор дона ниқоби тиббӣ ва ба миқдори зарури либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибону сокинон истеҳсол мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки дар замони паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус  дар ҷаҳон, ва аз ҷумла  дар Тоҷикистон, сокинони кишварамонро  мебояд, ки фирефтаи овозаҳои беасосу бардуруғ нагардида, ба таҳлука наафтанд ва ба маълумоти расмӣ такя намоянд. Зеро имрўзҳо дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ захираи кофии ниқоб, маҷмўи либоси махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон ва дигар маводи зарурӣ вуҷуд дошта, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври густурда фаъолият доранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Барчаспҳо:
вируси нав, либос, ниқоби сиёҳ, Вазорати тандурустӣ

Мавзӯъҳои асосӣ