04:16 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Дар давоми чор моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад зиёд аст

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, рушд асосан, аз ҳисоби ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард 19,5, истихроҷи маъдан 13,1, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 7 дарсад таъмин гардидааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли  зиёдшавӣ  дошта,  фаъолияти  истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.

“Барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар чор моҳ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои худи корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд”, - қайд кардааст вазорати саноат.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки ба ҳолати 1 майи соли равон 2204 корхонаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 дарсад ё 143 корхона зиёд аст.

“Аз шумораи умумии корхонаҳо ба бахшҳои истихроҷ 258 корхона, коркард 1789, энергетика 76 ва таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа 81 корхона рост меояд”, - таъкид доштааст вазорат.

Ҳамзамон дар ин муддат 61 корхонаи нави саноати сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 23 корхона, Хатлон 19, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 10 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 корхона. Аз ин ба соҳаи саноати хӯрокворӣ 21 адад, масолеҳи сохтмон 15, саноати сабук 12, мошинсозӣ 7 ва дигар соҳаҳо 6 адад рост меояд.

Барчаспҳо:
вирус, истеҳсол, маҳсулот, саноат, корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ