Хатлони пешқадам: бунёди 23 корхона дар панҷ моҳ

Обуна шудан
Мақомоти вилоти Хатлон таъкид доштааст, ки дар вилоят дар панҷ моҳи соли равон 23 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Моҳҳои январ-апрели имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 2,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 269,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 11,2 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 9,7 фоизро ташкил дод.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон: дар вилоят шиддати сирояти коронавирус паст гардид

Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” барои ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар якҷоягӣ бо соҳибмулкони онҳо тадбирҳо андешида, то имрӯз корхонаҳои “Дилкушо”, ҶДММ “Бофанда”, “Сомон ҒМ” ва “Самар” дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ фаъолияташонро дубора эҳё намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонда шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонда шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 дарсад, истеҳсоли неруи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.

Лентаи хабарҳо
0