Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулотҳои пешгирикунандаи “COVID-19” ба маротиб афзоиш ёфт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкПроизводство медицинских масок
Производство медицинских масок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар истеҳсоли маҳсулотҳои пешгирикунандаи “COVID-19” ба маротиб афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Тибқи маълумоти вазорати саноати Тоҷикистон дар ҳар як корхона ва муассиса ситоди махсус таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба роҳ монда шудааст.

Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Манбаъ хабар додааст, ки айни замон дар 49 корхонаҳои соҳа истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ–майи соли 2020 ба миқдори 6641,6 ҳазор дона ин намуди маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Ҳамзамон вазорат таъкид дошт, ки дар самти истеҳсоли халатҳои муҳофизатии махсус 15 корхонаҳои саноати сабук машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 46496 дона маҳсулоти зикршударо истеҳсол ва ба муассисаҳои тандурустӣ интиқол дода шуд.

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 11 корхонаҳои хурду миёна, истеҳсоли маҳлули антисептикӣ, моеъҳои шӯянда, собуни мушкин, собуни хоҷагӣ, хокаи хлор ва гипохлориди натрийро ба роҳ монданд.

Инчунин ҶСК “Тоҷикхимпром”-и ноҳияи Ёвон пас аз барқарор намудани фаъолият аз аввали моҳи майи соли равон  маҳсулоти безараргардониро истеҳсол намуда истода, то имрӯз корхона 250 тонна хокаи хлор ва 260 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намуда, ба корхона ва муассисаҳои соҳавии ҷумҳурӣ, қисми зиёди маҳсулоти безараргардониро ба таври ройгон пешниҳод намуда истодааст.

“Дар шаҳри Ҳисор, аз тарафи ҶДММ “Комбинати металлургии Ҳисор” фаъолияти коргоҳи  истеҳсоли оксигени тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, корхона оксигени фишурда ва моеъро ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда истодааст”, -  зикр кардааст вазорати саноат.

Лентаи хабарҳо
0