13:33 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
266 0 0

Дар ноҳияи Данғара бунёди 14 корхонаи истеҳсолӣ, ба нақша гирифта шудааст. Дар ин корхонаҳо садҳо нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегарданд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тавре дар нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Шарифзода Ҷамшед хабар дод, айни замон корҳои сохтмонии 10 корхонаи саноатӣ бомаром идома доранд.

Вай афзуд, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара сохтмони зиёда аз 372 адад иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

“Аз шумораи умумии иншооти сохташаванда 153 адади он алакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Рӯзҳои наздик 33 иншооти дигари ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд”, - гуфт Шарифзода Ҷамшед.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки то моҳи сентябри соли 2021 бунёди боз 93 адад иншоот пешбинӣ шудааст.

“Ҳамчунин мумфаршкунии 184 км роҳҳои ноҳия дар назар дошта шудааст ва то имрӯз дар зиёда аз 94 км-и он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Аз 371 иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ бунёдшаванда 38 адад ба соҳаи маориф, 70 адад ба соҳаи тандурустӣ, 8 адад ба соҳаи фарҳанг, 35 адади он ба соҳаи варзиш рост омада, инчунин сохтмони 14 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст”, гуфт муовини якуми раиси ноҳияи Данғара.

Инчунин масъулини ноҳияи қақд карданд, ки корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” дар муддати ду соли охир ба Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст. 

Барчаспҳо:
бунёд, ишғоли ҷойҳои корӣ, корхона, Данғара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ