03:16 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
816 0 0

Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ фаъолият дошта, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон 374 ҳазору 982 тонна орд истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 43 ҳазору 136 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус дар ҷаҳон аввалҳои моҳи март дар ҷумҳурӣ  арзиши орд ба таври сунъӣ боло рафт.

 “Имрӯз корхонаҳои ордбарории мамлакат на танҳо имконияти  таъмини пурраи аҳолиро бо орди хушсифати ватанӣ доранд, балки  ба кишварҳои ҳамсоя, назири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ содироти онро ба роҳ мондаанд”, - таъкид дошт Вазири саноат ва технологияҳи нав.

Ҳамчунин вай афзуд, ки тоҷирон ё шахсони манфиатдоре, ки ба таври сунъӣ арзиши ордро боло бурданд, аз вазъи бозор бехабаранд, зеро дар чанд соли охир корхонаҳои мо Тоҷикистонро пурра бо орди ватанӣ таъмин мекунанд.

“Дилхоҳ корхона метавонад аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ гандум ворид намояд, зеро дар ин самт ягон мушкилӣ ҷой надорад. Танҳо ширкатҳоеро, ки гандум  ворид месозанд, зарур аст истеҳсоли ордро ба роҳ монанд”-, афзуд вазир.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 воридоти гандум камтару  орд бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазири саноат ва технологияҳои нав таъкид дошт, ки бештари гандум аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад, ки арзиши он дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ боло рафтааст.

“Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонанд корхонаҳои ватаниро бо гандуми дохилӣ пурра таъмин намоянд, дар ин сурат арзиши орд низ поён меравад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф  айни замон арзиши як халта орди 50 кг навъи якум аз 227 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Гуфта шудааст, ки дар соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тонна орд ба хориҷи мамлакат содир шудааст.

Барчаспҳо:
корхона, вазир, истеҳсол, орд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ