08:42 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
440 0 0

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон масоили ҳамкорӣ дар соҳаи санотро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ахиран Шералӣ Кабир, вазири навтаъини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матботи вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми мулоқот тарафҳо пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Олмон, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Кабир, собиқ мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Талко”, санаи 3 ноябр ба вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъйин шуд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски ФР, соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Барчаспҳо:
баррасӣ, Олмон, ҳамкорӣ, саноат, вазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ