Раҳмон аз Кабир чӣ мехоҳад? Вазир гуфт, тавлидотро 2,5 баробар зиёду бекориро кам мекунанд

© Facebook ТАЛКОШерали Кабиров, новый министр промышленности
Шерали Кабиров, новый министр промышленности - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шералӣ Кабир, ки дар пайи ҳадафгузории Ҳукумат барои саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми вазири саноат ва технологияҳои ҷумҳурӣ таъйин шуд, аз нақшаҳои ниҳоди тобеяш гуфт

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Вазири навтаъйини саноат дар парлумон гуфт, дар назар аст тавлидот то 2,5 баробар афзоиш ёбаду накӯаҳволии мардум беҳтар гардад.

Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Кабир - вазири нави саноат кист? донандаи 3 забон, падари 5 фарзанд

Шералӣ Кабир, зимни як ҳамоиш дар парлумон изҳор дошт, ки саноатчиёни мамлакат “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025”-ро таҳияву пешниҳод намуданд, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст.

“Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми “Барномаи саноатикунонии босуръат” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Шералӣ Кабир.

Қадам ба 50: Шералӣ Кабир, вазири навтаъйин зодрӯзашро таҷлил мекунад

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нав, амалишавии ин барнома барои иҷро гардидани сиёсати саноатии кишвар калидӣ мегардад, зеро ба гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ равона карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0