19:54 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1052 0 0

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардаанд, ки корхонаи муштараки “Зарафшон” яке аз калонтарин корхонаҳои ҳудуди вилоят бо харҷи 117 миллион доллар корхонаи коркарди хокаи мис месозад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиран раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз корхонаи муштараки “Зарафшон” боздид намуд.

Таъкид шудааст, ки зимни боздид роҳбарияти корхона эълон кардааст, ки аз тарафи корхонаи муштараки “Зарафшон” бо харҷи 117 миллион доллар боз як корхонаи коркарди хокаи мис сохта мешавад.

Гуфта шудааст, ин иқдом бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Гуфта шудааст, ки раиси вилоят бо таҳлили фаъолияти корхона дар соли равон барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҷалби сокинони маҳаллӣ ба кор, иҷрои уҳдадориҳои корхона ба роҳбарияти корхона ва шаҳр супоришҳо дод.

Корхонаи муштараки “Зарафшон” яке аз калонтарин корхонаҳои ҳудуди вилоят ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 2100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Ҳиссаи корхона дар соҳаи саноати шаҳру вилоят назаррас буда, давоми ҳафт соли охир нишондиҳандаи истеҳсолии корхона аз 349,8 миллион сомонии соли 2013 ба беш аз 2,6 миллиард сомонӣ расонида шудааст.

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, корхона, Зарафшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ