19:33 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 380 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 600 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон аз 380 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, аллакай, 256 иншоот бо 2 ҳазору 759 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта шудааст, ки фаъолияти ин корхонаву коргоҳҳо, асосан, ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ, дӯзандагӣ ва дигар иншоот равона гардидааст.

“Ҳоло дар вилоят 623 корхонаи саноатӣ буда, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли ҷорӣ баистифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағҳои иловагӣ ворид шуданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар маҷмӯъ, то 1 январи соли равон ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоӣ мебошад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки соли ҷорӣ 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони хатлонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Дар маҷмӯъ, собиқ фонди дастгирии соҳибкорӣ аз оғози фаъолияти худлоиҳаҳои сармоягузории 77 субъекти соҳибкории вилоятро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгирӣ кардааст.

Зикр гардидааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ёздаҳ моҳ ба 7 миллиарду 927,8 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 237,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

Дар ин давра ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 49 дарсад, истеҳсол ва таъмини неруи барқ  46,7 дарсад, саноати истихроҷ 3,8 дарсад, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 0,5 дарсадро такшил дод. Инчунин, дар соҳаи хӯрокворӣ ба маблағи 844,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.

Барчаспҳо:
сохта, корхонаҳои саноатӣ, корхона, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ