15:31 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
917 0 0

Ахиран дар бинои мақомоти вилояти Суғд машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар машварат, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят доир шуд, масъалаи уҳдадории корхонаҳо барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шудааст, ки раиси вилоят дар оғози машварат таъкид доштааст, ки саноатчиёни вилоят соли 2020-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, ба маблағи 15,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва суръати рушди саноат 117,4 фоиз таъмин гардид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 107 корхонаи саноатии нав бо 1570 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.

“Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуданд”,- қайд кард номбурда.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар соли гузашта дар вилоят 1,3 миллион тонна семент истеҳсол гардида, беш аз 650 ҳазор тоннаи он содирот шудааст. Ҳамзамон 1,8 миллион тонна ангишт истихроҷ гардида, ба маблағи 283,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла 5,2 миллион дона ниқоби тиббӣ истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли орд дар вилоят низ 2,1 маротиба зиёд шуда, дар корхонаҳои ордбарорӣ 607,4 ҳазор тонна орд истеҳсол гардид. Коркард ва банду басти меваи хушк низ афзоиш ёфта, ба 5463,6 тонна расид, ки нисбат ба соли 2019 коркард 1,5 маротиба зиёд мебошад.

“Дар маҷмуъ дар 650 корхонаи саноатии вилоят 220 намуди маҳсулот истеҳсол ва ё коркард мегардад”, - қайд кард Хол Ҳайдар.

Мақомоти вилоят дар ин ҷаласа зикр кардааст, ки бо мақсади боз ҳам зиёд намудани дастовардҳо дар соли 2021 корхонаҳои калони саноатӣ, ки ҳаҷми истеҳсоли як моҳаашон аз 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад, уҳдадор мешаванд, ки бо назардошти имкониятҳо ҳаҷми истеҳсолотро афзун созанд.

Мақомот таъкид доштааст, ки теъдоди чунин корхонаҳо дар вилоят 81 адад буда, соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

“Тибқи таҳлилу пешбиниҳои мутахассисон бояд дар соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои калонтарин ба маблағи 15,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шавад”, - қайд намудааст мақомоти вилояти Суғд.

Зикр гардидадааст, ки раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулин барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, истифодаи захираву имкониятҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ, боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ супоришҳо дод.

Барчаспҳо:
вилоят, машварат, саноат, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ