07:46 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
170 0 0

Бахтиёр Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт заминаи амиқ мегузорад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ба гуфтаи вакили парлумони Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш додааст.

"Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад", - гуфт вакил.

Бахтиёр Аҳмадзода зикр намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон барои тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат - яъне гузориши иқтисодиёти Тоҷикистон аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар аз 30 январи соли 2019 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019" корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

"Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод", - қайд кард вакили парлумон.

Вай афзуд, ки ҳиссаи соҳаҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл ба назар мерасад: энержӣ 31,3%, саноати маъдан 25,6%, саноати хӯрокворӣ 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон 8,7%, саноати сабук 7,1%, саноати мошинсозӣ 6,1%, табъу нашр 0,9%, саноати ангишт 0,7% ва газ 0,5%.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтмон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4% корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 105,0%, вилояти Суғд 116,4%, вилояти Хатлон 107,3%, щаҳри Душанбе 122,3% ва НТҶ 149,4%-ро ташкил дод.

Дар ин давра ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, аз 103,0 то 169,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузаашта афзоиш ёфт.

Барчаспҳо:
иқтисод, парлумон, вакил, саноат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ