06:22 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
319 0 0

Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, паёми имсолаи Президент ба парлумон бо ироаи бархе сабукиҳо ба истеҳсолкунандагону кишоварзон фарқкунанда буд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Зокирзода гуфт, пешниҳод гардид, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне, деҳқонон аз супоридани “андози ягона” ба муҳлати як сол озод карда шаванд.

“Инчунин, иброз намуданд, ки муҳлати амали мораторий ба санҷиши соҳаҳои истеҳсолӣ боз як соли дигар, яъне то 1-уми январи соли 2022, тамдид карда шавад”, - навиштааст “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси намояндагон.

Ироаи сабукиҳо дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро аз ҳадафҳои стратегӣ эълон кардааст.

Шералӣ Кабир, ки ахиран вазири саноат таъйин шуд, изҳор дошт, ки дар назар аст тавлидот то 2,5 баробар афзоиш ёбаду накӯаҳволии мардум беҳтар гардад.

Вазир гуфт, саноатчиёни мамлакат “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025”-ро таҳияву пешниҳод намуданд, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми “Барномаи саноатикунонии босуръат” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад. Ба гуфтаи вазир, тавлидоти саноатӣ дар кишвар то соли 2025 беш аз 2,5 баробар афзоиш меёбанд.

Барчаспҳо:
истеҳсол, деҳқони тоҷик, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ