06:17 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Мақомоти вилояти Хатлон эълон доштааст, ки дар вилоят қарзи маош дар соҳаи саноат ба 10 миллиону 309 хазор сомонӣ баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар ин бора ахиран роҳбари Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, Ризозода Абдурозиқ зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, бештари қарзҳо дар корхонаи "Нуриҳи осиёи"-и шаҳри Левакант, корхонаи кимиёвии Ёвон "Тоҷиккемекал",  Тоҷиктелеком ва дар бахши хизмати коммуналиву Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят мебошанд.

Номбурда зикр кардааст, ки қарздорӣ дар соҳаи коммуналии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Ховалинг, Балхӣ ва Ҷайҳун бештар мебошад.

Вай гуфт, тибқи моддаи 158 кодекси меҳнати Тоҷикистон ҳама ташкилоту идора, корхона ва дигар корфармоҳо  навобаста аз шакли моликияташон бояд дар як моҳ як ё ду маротиба музди меҳнати кормандонро диҳанд, вале агар маош то панҷуми моҳ пардохт карда нашвад, он қарздорӣ ҳисобида мешавад.

Ҷабри “вируси карона”: қарзи андоз дар Суғд зиёд шудааст

Ризозода Абдурозиқ таъкид доштааст, ки масъулони ташкилоту идораҳо, ки ба пардохти музди меҳнат вобаста шудаанд, онро қарздорӣ намедонанд, балки мегуянд ин ба таъхир андохтани пардохти маош аст, ки  аз ҷониби онҳо дуруст нест.

Барчаспҳо:
миллион, қарз, маош, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ