00:09 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15901

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мегӯяд, пандемияи коронавирус имкон надод, ки нақшаҳои Корхонаи алюминийи тоҷик барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот амалӣ шаванд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир хотиррасон кард, ки дар соли 2020 роҳбарии Корхонаи алюминийи тоҷикро ба уҳда дошт ва тайи  5 моҳи аввал тавлидот 15 дарсад афзоиш ёфт.

Ӯ гуфт, рушди истеҳсолот дар соли 2020 бояд ҳудуди 25 дарсадро ташкил медод, аммо пандемия нақшаҳоро халалдор намуд.

“Мутаассифона дар пайи сар задани пандемияи коронавирус, кокси нафтӣ барои истеҳсолот саривақт интиқол дода нашуд. Бори аввал дар таърихи ТАЛКО интиқоли ашёи хом тариқи мошинҳо роҳандозӣ гардид”, - изҳор дошт вазири саноат.

Манбаъ илова намуд, ки мушкил инчунин бо дастрас кардани ашёи дигари хом низ буд, ки дар Қазоқистон истеҳсол мешавад ва он ҷо одамон ба далели пандемия ба кор набаромаданд.

Шералӣ Кабир бо зикри таъсири манфии ин омилҳо ба нишондодҳои истеҳсолии ТАЛКО, изҳори умед кард, ки имсол вазъ беҳбуд хоҳад ёфт. Ӯ илова кард, ки интизор доранд, имсол истеҳсолот дар Корхонаи алюминийи тоҷик ба 20 дарсад боло раванд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2020 ба маблағи 379,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ҳаҷмии молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат ба 84 ҳазор тонна баробар гардидааст.

ҶСК “Корхонаи алюминийи тоҷик” дар соли гузашта, алюминийи аввалияро ба маблағи 136,2 миллион доллар дар ҳаҷми 87 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содир кардааст. Харидори асосии алюминийи тоҷик кишварҳои Аврупо арзёбӣ мегарданд.

Барчаспҳо:
технология, саноат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ