12:15 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
196701

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз фурӯши ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии кишвар дар вилояти Хатлон тавассути як тендер хабар дод

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ахиран дар нишасти хабарие гуфт, ки корхонаи “Азот” дар як тендер фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст.

Вай нархи саҳҳоми ин корхонаро 200 миллион доллар эълом  кард  ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз фурӯши ин воҳиди тавлидӣ ҷазби сармояи хориҷӣ ва эҷоди ҷойи кор будааст. 

Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарордоди таҷдиди таҷҳизоти корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш дар шаҳри Сарбандро бо ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" бекор кард.

Сабаби ин амал дар он аст, ки ширкати чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи таҷдиди таҷҳизоти корхона иҷро накард.

Дар моҳи сентябри соли 2016, ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" саҳмияҳои ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистонро харид ва ваъда дод, ки таҷдиди ин корхонаро бо харҷи 360 миллион доллар дар соли 2018 ба анҷом мерасонад.

Пешбинӣ мешуд, ки корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш пас аз бозсозӣ зимни таъмини ниёзи Тоҷикистон заминаи содироти як миллион тонна маҳсулоти кимиёвӣ ба Афғонистон ва 300 ҳазор тонна ба Қирғизистонро низ фароҳам кунад.

Барчаспҳо:
тендер, Хатлон, кимиё, кимиёвӣ, фурӯш, Вахш, корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ